Як рӯз пас аз он ки ду шаҳрванди Исроил аз сӯи мардони мусаллаҳи фаластинӣ кушта шуданд, ҳукумати Исроил ба канораи ғарбии рӯди Урдун садҳо нерӯи иловагӣ фиристод.
Ин нерӯҳо ва низ исроилиҳои шаҳракнишин бо ҳамла ба як шаҳраки фаластинӣ ва деҳаҳои ҳамҷавор даҳҳо хона ва мошинҳои фаластиниҳоиро ба оташ кашиданд.
Бар асари ин хушунатҳо то кунун як нафар ҷон бохтааст.
Ба гузориши расонаҳои Исроил, шуморе аз сиёсатмадорони ростгаро ва мазҳабии узви эътилофи ҳукумати Бенямин Нетеняҳу аз ҳамлаҳои шаҳракнишинҳо ба фаластиниҳо ҳимоят кардаанд.
Шумораи кушташудаҳои исроилӣ дар амалиёти фаластиниҳо дар камтар аз панҷ ҳафтаи охир ба 13 тан афзоиш ёфтааст.
Ҳамлаи мусаллаҳонаи рӯзи 26-уми феврал ба шаҳвардони Исроил чанд рӯз пас аз кушта шудани 11 фаластинӣ дар ҷараёни амалиёти нерӯҳои амниятиии исроилӣ дар шаҳри Ноблус рух дод.
Исроил гуфта буд, ки амалиёти Ноблусро ба ҳадафи боздошти ду фаластинӣ оғоз кард. Дар ин амалиёт даҳҳо фаластинӣ захмӣ шуданд.
Аз аввали имсол камаш 35 фаластинӣ кушта шудаанд. Соли гузашта низ маргбортарин сол дар 16 соли гузашта буд, ки дастикам 171 фаластинӣ, ба шумули 30 кӯдак, танҳо дар канораи ғарбии рӯди Урдун кушта шуданд.