Мақомоти Руминия гуфтанд, як шаҳрванди Лубнон ва Белгияро рӯзи 24-уми феврал дар Бухарест боздошт карданд.
Аз ӯ "пулёб" ё маблағгузори муҳими гурӯҳи тундрави "Ҳизбуллоҳ" ном мебаранд. "Ҳизбуллоҳ" аз сӯи Ҷумҳурии Исломии Эрон ҳимоят мешавад.
Муҳаммад Иброҳим Баззӣ 58-сола аст. Ӯ соли 2018 аз ҷониби Иёлоти Муттаҳида "террористи ҷаҳонӣ" эълон шуд.
Барои пешниҳоди иттилоъ дар бораи макони зисташ 10 миллион доллар ҷоиза таъин карда буданд.
Иброҳим Баззӣ дар тӯли солҳо ба "Ҳизбуллоҳ" миллионҳо доллар "расондааст".