Кохи Сафед: Кумак ба Украина, таҳрим ба зидди Русия 

Маъмурияти Ҷо Байден рӯзи 24-уми феврал ба Украина барои набард бо нерӯҳои Русия бастаи нави кумакҳоро эълон кард.

Ёрӣ ба маблағи 2 миллиард доллар аст.

Кохи Сафед гуфт, ин баста лавозимотро барои низоми мушакии HIMARS; бесарнишини CyberLux K8, Switchblade 600, Altius-600 ва Jump 20 дар бар мегирад.

Таҷҳизот барои пурқувват кардани низоми дифои ҳавоии Украина низ дар назар аст.

Дар ҳамин ҳол, Иёлоти Муттаҳида рӯзи ҷумъа таҳримҳои навро ба зидди чанд ширкату бонк ва корхонаву афроди мушаххас дар Русия эълон кард.

Баъзе аз маодин, аз ҷумла оҳани Русия, ба рӯйхати таҳримҳои Вазорати молияи Амрико дохил шуд.

Русия рӯзи 24-уми феврали соли 2022 ба хоки Украина таҷовуз кард. Амрико ва кишварҳои аврупоӣ аз пуштибонҳои асосии Украина дар мубориза бо нерӯҳои Русия ҳастанд.