Александр Лукашенко, раҳбари худкомаи Беларус, бо сафари давлатӣ рӯзи 28-уми феврал ба Чин хоҳад рафт.
Сафараш то дувуми март идома мекунад.
Дар ин бора Вазорати корҳои хориҷии Чин рӯзи 24-уми феврал хабар дод.
Сухангӯйи вазорат гуфтааст, сафари Лукашенко бо даъвати Сӣ Ҷинпин, раисҷумҳури Чин, сурат мегирад.
Мавзӯи суҳбати тарафҳо эълон нашудааст.
Лукашенко аз ҳампаймони наздики раисҷумҳури Русия Владимир Путин аст. Аз ҳамлаи Маскав ба Украина пуштибонӣ мекунад.