Дар Душанбе оқибатҳои ҷанг дар Украинаро намоиш доданд
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Дар Душанбе бо намоиши аксҳо аз харобаҳои Украина ёди қурбониёни ҷанги бедалели Русияро дар ин кишвар гиромӣ доштанд. Намоишгоҳ рӯзи 24-уми феврал аз тарафи сафорати Украина баргузор шуд, вале бе ҳузури намояндагони ҳукумати Тоҷикстону ҷумҳуриҳои дигари пасошӯравӣ.