Амрико ба Тоҷикистон чаҳор мошини низомӣ дод

Маросим 17-уми феврал гузашт

Сафорати Амрико дар Душанбе ба Горди миллии Тоҷикистон чаҳор мошини низомӣ додааст.

Мошин ва қисмҳои эҳтиётиро ба маблағи беш аз 471 ҳазор доллар рӯзи 17-уми феврал супурданд. Дар маросим атташеи низомии Амрико дар Тоҷикистон, Бриттани Стюарт, иштирок дошт.

Бино ба иттилои сафорат, мошинҳо ба низомиёни тоҷик имкон хоҳанд дод, ки дар минтақаҳои душворгузари сарҳадӣ амалиёт гузаронанд.

Иёлоти Муттаҳида Амрико аз соли 1992 то ин дам барои таъмини амният ба Тоҷикистон ба маблағи беш аз 330 миллион доллар ёрӣ кардааст.

Амрико беш аз сӣ сол боз бо Тоҷикистон шарикӣ дорад. Барои рушду мадад ба соҳаи амният, иқтисод, тандурустӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва маориф дар Тоҷикистон ёд додааст.