Қирғизистон содироти пиёзро дубора иҷозат дод

Azerbaijan -- onion price hike-2023

Вазорати кишоварзии Қирғизистон қарори манъи содироти пиёзро аз ин кишвар ба хориҷа бекор кард.

Хадамоти матбуотии вазорат гуфтааст, тасмим барои дастгирии истеҳсолгарони ватанӣ ва афзоиши содирот гирифта шудааст.

Девони вазирони Қирғизистон содироти пиёз ба хориҷро аз 1-уми феврал манъ карда буд. Он замон гуфта шуд, ки ин иқдом ба хотири таъмини амнияти ғизоӣ ва пешгирӣ аз болоравии нарх дар бозорҳои маҳаллӣ сурат мегирад.

Қаблан Қазоқистон ҳам содироти пиёзро барои се моҳ манъ карда буд. Ҳукумати Тоҷикистон низ содироти пиёзу картошка ва сабзиро ба хориҷа манъ кардааст.