Беш аз 200 шаҳрванди Тоҷикистон ва Узбекистон, ки ба далели бӯрон дар роҳ дармонда буданд, дар толори варзишии мактаб ва масҷиди деҳаи Карабутаки вилояти Оқтеппаи Қазоқистон ҷой дода шудаанд.
Ин муҳоҷирон мехостанд, бо ду автобуси навъи "Van Hool"-и ширкати қазоқӣ ба шаҳрҳои Маскав ва Самараи Русия сафар кунанд. Ба далели бӯрон дар роҳ дармонданд.
Мудири мактаби деҳаи Карабутак Жанаргул Куанишева гуфтааст, барои муҳоҷирон дари иловагии бинои мактаб боз карда шудааст ва онҳо ба раванди таълим ва рафти дарсҳо халал намерасонанд.
Ҷамъан дар ин мактаб ва масҷиди деҳаи мазкур ба 220 муҳоҷири узбек ва тоҷик ҷой додаанд.
Ҳамаи шоҳроҳҳои вилояти Оқтеппаи Қазоқистон ба далели номусоидии бодуҳаво аз 23-юми феврал бастааст.