Аз ҳамлаи бедалели Русия ба Украина як сол гузашт. ХАРИТА

24-уми феврал аз оғози ҷанги Русия дар Украина як сол гузашт. Дар ин рӯз ҳам ҷангҳои сахте дар шарқ ва ҷануби Украина идома дорад.

Бо вуҷуди сафарбар кардани нерӯи қавии низомӣ ва манобеи зиёд, артиши Русия ба муқовимати сахти сарбозони Украина рӯ ба рӯ аст.

Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, рӯзи 24-уми феврал дар паёме ба мардум гуфт, рӯзи 24-уми феврали соли гузашта мардуми кишвараш на парчами сафед, рамзи таслим, балки парчами Украинаро интихоб карданд.

Ӯ гуфт: “Мо медонем, ки имсол соли пирӯзӣ барои мо хоҳад буд.”

Дар тӯли як соли гузаштаи ҷанг аз ҳарду тараф даҳҳо ҳазор нафар куштаву маҷруҳ шудаанд.