Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид зимни як суханронӣ ҳамлаи Русияро ба Украина танқид кард ва нақзи Ойинномаи СММ ва қонунҳои байнулмилалӣ номид.
Антонио Гуттереш ҳамчунин таҳдидҳои Русияро барои истифода аз бомби атомӣ маҳкум кард.
Баъд аз оғози ҳамла ба Украина дар рӯзи 24-уми феврали соли 2022, Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия, батакрор гуфтааст, ки дар сурати таҳдид ба кишвараш, метавонанд, бомби атомӣ ба кор баранд.
Антонио Гуттереш рӯзи 22-юми феврал дар ҷаласаи Маҷмаи умумии Созмони Милал гуфт: “Мо таҳдидҳои ошкорро дар бораи истифода аз бомби атомӣ шунидем. Истифодаи ба истилоҳ тактикӣ аз аслиҳаи атомӣ ғайриқобили қабул аст. Бояд аз ин варта ақиб баргардем.”
Рӯзи 24-уми феврал аз ҳамлаи Русия ба ҳамсоякишвараш як сол мегузарад.