Зане дар Қирғизистон мехоҳад, фарзандонашро бо номи вай шиносанд

Олтин Капалова

Додгоҳи конститутсионии Қирғизистон дархости фаъоли шаҳрвандӣ Олтин Капаловаро ба баррасӣ гирифт, ки пештар Додгоҳи олӣ нагузошта буд, вай ба фарзандонаш ба ҷои номи падар номи худашро диҳад.

Додгоҳи конститутсионӣ мегӯяд, шикояткунанда бар ин назар аст, ки меъёри қонун "Дар бораи ҳолатҳои шаҳрвандӣ" модаронро дар мавқеи нобаробар бо падарон мегузорад ва ба ин тартиб модаронро аз ҳаққи додани насаби худ ба фарзандон маҳрум месозад, ҳарчанд волидон ҳаққи баробар ва нисбати фарзандон масъулияти баробар доранд.

Ибтидои соли 2021 Олтин Капалова шаҳодатномаи таваллуди фарзандонашро иваз ва дар бахши "номи падар" номи худашро навишт. Дертар мақомоти Қирғизистон аз ин модар талаб карданд, ки шаҳодатномаҳои фарзандонашро ислоҳ созад, зеро бино ба қонунгузорӣ, ба кӯдакон номи модар дода намешавад.

Капалова мегӯяд, фарзандонашро танҳо, бидуни кӯмаки падари биологии онҳо тарбият мекунад.

Муҳокимаи ин қазия моҳи августи соли 2021 шуруъ шудааст. Он замон додгоҳи ноҳияи Октябри шаҳри Бишкике Қирғизистон санадҳои фарзандони Олтин Капаловаро бекор карда буд ва зинаҳои дигари додгоҳӣ қарори додгоҳи ноҳияи Октябрро бе тағйир гузоштанд.