Додгоҳи Гаага хостори боз шудани долони Лочин шуд

Додгоҳи байнулмилалии Созмони Милал дар Гаага рӯзи чоршанбе, 22-юми феврал, бо судури як қарор Озарбойҷонро вазифадор кард, ки равуои бидуни танаффусро тариқи долони Лочин таъмин кунад.

Ин қарор дар натиҷаи баррасии шикояти ҷониби Арманистон содир шуд.

Ҷониби Озарбойҷон низ бо айни шикоят ба додгоҳ муроҷиат карда буд. Додгоҳ қарор кард, ки шикояти Озарбойҷон зидди Арманистон баррасӣ нашавад. Шикояти Арманистон низ танҳо дар робита ба долони мазкур қонеъ шудааст.

Дархости Ереван дар робита ба интиқоли газ ба минтақа қонеъ нашудааст. Додрас гуфтааст, ҷониби Арманистон дар мавриди он ки Озарбойҷон монеи интиқоли газ ба минтақа мешавад, далелҳои кофӣ ироа накардааст.

Долони ба истилоҳ "Лачин" охирҳои моҳи декабри соли гузашта баста шуд. Гуруҳе аз фаъолони Озарбойҷон дар эътироз ба "истихроҷи ғайриқонунии сарватҳои табиии минтақа" аз сӯи Арманистон роҳро бастанд. Низомиёни рус вазъро назорат карданд, вале дахолат накарданд.

Нахуствазири Арманистон Никол Пашинян рафтори Озарбойҷонро дар долони "Лочин" ғайриқонунӣ номид ва ҳамчунин Русияро интиқод кард, ки уҳдадориҳои худро иҷро намекунад. Ба гуфтаи ӯ, дар изҳороти сеҷониба аз 9-уми ноябри соли 2020 пешбинӣ шуда буд, ки долони "Лочин" бояд зери назорати нерӯҳои посдори сулҳи Русия бошад.