Иҷрои як тарҳи Русия барои муҳоҷирони узбек бас шуд

Муҳоҷирони корӣ дар Русия

Ҳукумати Русия аз 21-уми феврали имсол иҷрои тарҳи ҷалби муҳоҷирони кориро аз Узбекистон барои соҳаҳои кишоварзӣ, сохтмон ва истеҳсолот боз дошт. Ин тарҳ аз моҳи октябри соли 2021 амал мекард.

Тибқи санадҳои имзошуда, муҳоҷирони Узбекистон барои ворид шудан ба Русия дар ватани худ изи ангушт супорида аз санҷиши ҳуҷҷатҳо ва озмоиши коронавирус мегузаштанд. Акнун ҳамаи ин корҳо дар Русия анҷом мешаванд.

Вазорати сохтмони Русия гуфтааст, иҷрои тарҳ ба далели бекор шудани маҳдудиятҳои марбут ба коронавирус боз дошта шудааст.

Тибқи иттилои ҳукумати Русия, ҷамъан 4750 шаҳрванди Узбекистон дар доираи тарҳи мазкур барои кор ба он кишвар сафарбар шудааст.