Рӯзноманигори қазоқистонӣ ва хабарнигори сомонаи “RespublikaKZ.media” Дониёр Молдабеков мегӯяд, рӯзи 22-юми феврал як шахси ниқобпӯш дар назди даромадгоҳи хонааш ба ӯ ҳамла кард.
Молдабеков афзуд, намедонад барои чи латукӯб шуд. Ягон ашёи ӯ ҳам гум нашудааст.
"Чанд матлаби тунд навиштаам. Баъзе аз онҳо таҳқиқоти рӯзноманигорӣ ҳастанд. Ягон ашёи маро надуздидааст. Зоҳиран ин ба фаъолияти кориам рабт дорад”, - изҳор дошт ӯ.
Рӯзноманигор изҳор дошт, ки баъди гузаштан аз ташхис ва дастрас кардани хулосаи он ба пулис шикоят хоҳад бурд.
Дар Қазоқистон давоми ним соли ахир ҳамла ба рӯзноманигорони мустақил афзоиш ёфтааст.