Санади навро дар бораи Украина баҳс мекунанд

Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина

Қарор аст, Маҷмаи умумии Созмони Милал рӯзи 22-юми феврал тарҳи як қатъномаеро баррасӣ кунад, ки дар он ба “сулҳи пойдор ва одилона” дар Украина даъват шудааст.

Қатънома ду рӯз пеш аз аввалин солгарди ҷанги Русия дар Украина баррасӣ мешавад ва ҳампаймонҳои Киев умедворанд, кишварҳои зиёде онро дастгирӣ мекунанд.

Тарҳи қатънома, ки тақрибан 60 кишвар дар таҳияи он ширкат кардаанд, дар паси дарҳои баста баррасӣ мешавад. Маълум нест, то рӯзи 23-юми феврал қабул хоҳад шуд ё не.

Дар ин қатънома ба мисли гузаштаҳо Созмони Милал ба хатми фаврии ҷанг даъват карда, дар он омадааст, ки созмон “тарафдори истиқлолу соҳибихтиёрӣ, ягонагӣ ва тамомияти арзии Украина аст”.