Дар Русия нақшаи фурӯ бурдани Беларусро таҳия кардаанд, ки ин нақша бояд то соли 2030 амалӣ шавад. Дар ин бора дар таҳқиқоти сомонаи хабарии "Досе" зикр шудааст.
Ҳуҷҷате, ки хабарнигорон ба он даст ёфтаанд, "ҳадафҳои стратегии Русия дар самти Беларус" ном дорад. Ин ҳуҷҷат тобистони соли 2021 таҳия шуда, аз 17 саҳифа иборат аст. Санади мазкурро Дастоҳи президенти Русия, Хадамоти иктишофи хориҷии Русия, Хадамоти амнияти федеролӣ ё ФСБ, Ситоди кул ва дигар ниҳодҳои Русия ба таври муштарак таҳия кардаанд.
Ҳадафҳои сиёсӣ, мудофиавӣ, тиҷорӣ ва иҷтимоии Русия дар Беларус ба се бахш тақсим шудаанд - кутоҳмуддат (то соли 2022), миёнамуҳлат (то соли 2025) ва дарозмуддат (то соли 2030).
Ҳадафи асосии Кремл - авлавият бахшидан ба забони русӣ дар Беларус, мутобиқ кардани қонунгузории Беларус ба қонунгузории Русия ва тобеи Русия кардани ҳаёти сиёсиву иҷтимоӣ, тиҷорӣ, илмӣ ва фарҳангии Беларус будааст.
Ба иловаи ин бахшҳо, Русия нақша дорад то соли 2030 бахши низомиву сиёсии Беларусро тобеи худ созад. Иктишофи Русия вазифадор шудааст, ки таъсири неруҳои "миллӣ ва ғарбгаро"-ро кам ва ислоҳоти Конститутсияро бо назардошти манофеи Русия ба поён расонад.
Ҳамзамон дастгоҳи президенти Русия нақша дорад, фазои иттилоотии Белорусро то охири ин даҳсола зери назорат гирад. Ин нақшаро мехоҳанд, тавассути афзоиши теъдоди расонаҳои Русия ва густариши таъсири иттилоотӣ миёни аҳолӣ амалӣ созанд.
Ҳамчунин Русия нақша дорад, ки додани шиносномаҳои русиро ба беларусиҳо осон созад. Ин тасмим бо ҳадафи "ташкили қишри русиягиҳое рӯи даст гирифта мешавад, ки ҳавасманди якпорчашавӣ ҳастанд ва ҳамзамон ба хотири ташкили доираҳои тиҷорие аст, ки ба бозори Русия рӯ хоҳанд овард", омадааст дар санад.