Сооронбой Ҷеенбеков, президенти пешини Қирғизистон мулоқоти президентҳои собиқи ин кишварро дар Дубай шарҳ дод.
"Мулоқоте, ки ахиран дар Дубай баргузор шуд, онро Содир Ҷабборов ҳамчун президенти Қирғизистон ба хотири тақвияти ваҳдати мардум баргузор кард. Вай гуфт, ки ҳадафи ягонаи мулоқот - тақвияти ризоият дар кишвар, рушди Қирғизистон ҳамчун давлати қавӣ, беҳтарсозии зиндагии мардум аст. Роҳбари давлат аз мо хост, ки мо тақсимоти мардумро ба ҷонибдорони ин ва ё он сиёсатмадор канор гузорем. Мо, бидуни қайду шарт, ин ташаббусро пазируфтем. Ҳамаи иштирокдорон то охири мулоқот ҳузур доштанд ва ҳамаи мо изҳори ҷонибдорӣ кардем", - гуфт Ҷеенбеков.
Вай тасдиқ кард, ки дар Дубай бо Алмосбек Отамбоев - президенти дигари пешини Қирғизистон мулоқот кардааст. "Моро бо ҳадафи оштӣ кардан дар як миз шинонданд. Ҳар кадоми мо фикри худро баён кард, дар охири мулоқот дасти ҳамдигарро фишурдем. Мо ҳарду дарк мекунем, ки ҳар кас дар назди Худо ҷавобгӯст. Бо даъвати ҳама ба ваҳдат президент масъулияташро иҷро кард. Акнун мо, ҳар кадоми мо бояд қарзи шаҳрвандии худро адо кунад", - гуфт Ҷеенбеков.
Ҳафтаи гузаштаи президенти кунунии Қирғизистон Содир Ҷабборов ҳамаи президентҳои пешини он кишварро дар Дубай гирди ҳам овард. Ин мулоқот дар ҷомеаи Қирғизистон баҳсҳои зиёдеро ба бор овард ва боиси овозаҳо гардид.