Сафари муҳоҷирони Осиёи Миёна ба Русия зиёд шудааст

Муҳоҷирони корӣ аз Осиёи Марказӣ дар Русия. Акс аз бойгонӣ.

Шумори муҳоҷирони Узбекистон, ки соли гузашта барои кор ба Русия рафтаанд, 377,7 ҳазор ё 35,1 дарсад зиёд шудааст.

Тибқи нашрияи “Коммерсант”, шумори умумии муҳоҷироне, ки соли 2022 барои пайдо кардани ҷойи кор ба Русия рафтаанд, ба 3,47 миллион расидааст. Ин рақам назар ба соли 2021 871 ҳазор бештар аст.

Манбаъ афзудааст, ки муҳоҷирони корӣ соли гузашта аз ҳама бештар аз Узбекистон ба Русия рафтаанд. Ҳамчунин теъдоди муҳоҷирони кории кишварҳои дигар, аз ҷумла Тоҷикистон (51,8% ё 336,7 ҳазор), Қирғизистон (17,7%, 84,6 ҳазор) ва Қазоқистон (118,3%, 62 тыс.), ки ба Русия рафтаанд, зиёд шудааст.

Сафари муҳоҷирони корӣ аз Арманистон, Украина, Сербистон, Олмон, Фаронса ва Итолиё соли гузашта ба Русия аз 8 то 22 дарсад кам шудааст.

Муҳоҷирон аз ҳама бештар шаҳр ва вилояти Москваро барои кор интихоб кардаанд.