СММ аз “хушку беҳосил шудани замин” дар Осиёи Марказӣ гуфт

Нуробод, Тоҷикистон. Акс аз бойгонӣ

Як таҳқиқоти Созмони Милал мегӯяд, хушку беҳосил шудани замин дар кишварҳои Осиёи Марказӣ боис ба афзоиши муҳоҷирати сокинон ба дигар ҷойҳо шудааст.

Таҳқиқоте, ки 21-уми феврал нашр шуд, аз ҷумла Тоҷикистонро фаро мегирад.

Бар асоси хулосаи муҳаққиқон, ба сабаби буридани дарахтони зиёду биёбоншавӣ ва ба тадриҷ табоҳу беҳосил гардидани замин то 10-15 фоизи аҳолии фаъол аз лиҳози иқтисодӣ маконҳои зисти худро тарк мекунанд.

Донишмандон мегӯянд, як роҳи муҳими ислоҳи вазъ сармоягузории дарозмуддат ва ҳам бунёдӣ ба заминҳои кишоварзӣ аст, то ҳосилнокии заминҳо барқарор ва ҷавонон ба кори кишоварзӣ дилгарм шаванд.

Тоҷикистон як кишвари умдатан кишоварзӣ аст ва бештар аз 70 дар сади аҳолии он дар деҳаҳо зиндагӣ мекунанд.