Амрико аз ҳукумати Қирғизистон ситоиш кард, ки 18 зан ва 41 кӯдаки ҷангҷӯёни узви гурӯҳи ДОИШ-ро аз урдугоҳҳои Сурия ба ватан баргардонидааст.
Вазорати корҳои хориҷии Амрико бо нашри изҳороте рӯзи 20-уми феврал гуфт: “Мо аз Қирғизистону дигар шариконамон – Нерӯҳои демократии Сурия сипосгузорем, ки барои расидагӣ ба чолишҳои башариву амниятии кунунӣ бо мо ҳамкорӣ мекунанд”.
Амрико мегӯяд, ҳоло шаҳрвандони 60 давлат дар ин қароргоҳҳо нигаҳдорӣ мешаванд ва аз дигар ҳукуматҳо ҳам даъват кард, ки барои баргардондани шаҳрвандонашон аз ин удругоҳҳо талош кунанд.
Тоҷикистон ҳам то кунун садҳо зан ва кӯдакони ҷангҷӯёни ДОИШ-ро аз Сурияву Ироқ баргардонидааст, аммо ҳанӯз ҳам даҳҳо нафари дигар дар урдугоҳҳои паноҳҷӯён мондаанд.