Бар асари заминларзаи нав дар Туркия се кас ҷон бохта, зиёда аз 200 нафар маҷруҳ шудаанд.
Ҳодиса рӯзи 20-уми феврал рӯй дод. Шиддати зилзила 6,4 дараҷаи Рихтер будааст.
Мақомот гуфтанд, маркази заминларза шаҳри Дафнаи вилояти Ҳатайи Туркия аст.
Ду ҳафта пеш як заминларзаи шадид Туркия ва Сурияро такон дод.
Дар натиҷаи он дар ду кишвар беш аз 45 ҳазор нафар ҷон бохта, ҳазорҳо каси дигар маҷруҳу бехонаву дар шуданд. Шиддати он ба 7,8 дараҷа мерасид.