Як телевизиони давлатӣ нашрияи мустақилро ба додгоҳ кашид

Телевизиони давлатии "ЭлТР"-и Қирғизистон ба зидди нашрияи мустақили "ПолитКлиника" ба додгоҳи ноҳияи Свердлови шаҳри Бишкек шикоят кардааст.

Рӯзноманигорони "ПолитКлиника" гуфтанд, нашрия барои чопи як матлаб дар бораи қарз гирифтани Қирғизистон аз хориҷа барои бахши энергетикии худ ба додгоҳ кашида шуд.

Телевизиони давлатӣ нашрияро ба паҳн кардани иттилои нодуруст айбдор карда, талаб дорад, ки он 7 миллион сом ҷуброн пардозад.

Ҳамчунин аз муаллифи матлаб Тинистан Асипбек 3 миллион сом пардохти ҷуброни маънавӣ талаб шудааст.

Қаблан сардори хадамоти сиёсати иттилоотии дастгоҳи президенти Қирғизистон Дайирбек Орунбеков рӯзномнигорони "ПолитКлиника"-ро ба дурӯғпароканӣ айбдор карда буд. "ПолитКлиника" ин иддаоро рад мекунад.