Туркманистон ба Узбекистон ройгон гази моеъ додааст

Вагонҳои ҳомили гази моеъ, ки бо дастури президенти Туркманистон Сардор Бердимуҳаммадов ҳамчун кумак ба Тошканд фиристода шуданд, 19-уми феврал вориди Узбекистон гаштанд.

Тибқи иттилои хадамоти матбуотии ширкати "Ҳудудгазтаминот", Туркманистон ба Узбекистон ҷамъан 2 ҳазор тонна гази моеъ кумак кардааст.

Қарор аст, 1000 тоннаи ин газ ба сокинони Қарақалпоқистон ва боқӣ ба бошандагони вилояти Хоразми Узбекистон тақсим карда шавад.

Бердимуҳаммадов ибтидои моҳи равон дастур дод, ки ба хотири "таҳкими равобити неки ҳамсоядорӣ ва бародарона миёни Ишқобод ва Тошканд" ба Узбекистон гази моеъ кумак карда шавад.

Вазорати энергетикаи Узбекистон гуфта буд, ки ин газ ба сокинони он кишвар ройгон тақсим карда мешавад. Ҷониби Узбекистон дар посух ба Туркманистон 20 мошини "Ёрии таъҷилӣ"-и навъи "Volkswagen Caddy" додааст.