Зеленский мегӯяд, Русия талафоти зиёд дод

Владимир Зеленский

Раиси ҷумҳури Украина гуфт, нерӯҳои кишвараш дар ҷанг бо сарбозони рус дар атрофи шаҳрҳои Бахмут ва Вулҳедари вилояти Донетск ба онҳо “талафоти фавқулода” ворид кардаанд.

Владимир Зеленский дар муроҷиати видеоӣ дар шаби 19-уми феврал гуфт, айни замон “вазъият бисёр душвор аст.”

Вай афзуд, “мо таҷовузгарро мешиканем ва талафоти қобили таваҷҷуҳ ба Русия ворид кардем. Ба такрор мегӯям, Русия ҳар қадар талафоти зиёд бидиҳад, ҳамон қадар зудтар ба ин ҷанг ва бо пирӯзии Украина хотима медиҳем.”

Бино ба гузоришҳо, нерӯҳои Русия дар ҳафтаҳои гузашта дар атрофи Бахмут ва Вулҳедар талафоти зиёд додаанд. Дар ин ҷангҳо сарбозони зиёде аз Украина ҳам талаф ёфтаанд.

Ҳеч яке аз тарафҳо дар бораи талафоти сарбозонашон иттилои дақиқ намедиҳад ва тасдиқи иддаоҳо дар бораи ҷанг ҳам мушкил аст.