Гуруҳе аз муҳоҷирони тоҷик ва узбек, ки барои кор ба вилояти Запарожйе, минтақаи аз сӯйи Русия ғасбшудаи Украина, ҷалб шудаанд, мегӯянд, маоши худро нагирифтанд.
Тибқи иттилои саҳифаи “Baza” дар Телеграм, бар ивази кандани як хандақ ба муҳоҷирони корӣ 800 ҳазор рубли русӣ ваъда шуда буд ва ҳоло корфармоён на ҳамаи ин маблағро пардохт мекунанд.
Бинокори тоҷик ба номи Аминчон дар суҳбат бо “Baza” гуфтааст, корфармо Сергей Евгеневич пас аз кандани хандақ ба онҳо танҳо 595 ҳазор рубл дода, аз пардохти боқии маблағи ваъдашуда худдорӣ кард.
“Як қисми муҳоҷирон наметавонанд, ба Маскав баргарданд. Дасти бархеи онҳо захмӣ шуда, баъзеи дигар ба бемории кӯрруда гирифтор шудаанд. Ҳеч гуна кумаки лозимии тиббӣ ба онҳо расонида нашудааст”, - изҳор дошт ӯ.
Аминҷон гуфтааст, баъди баргашт ба Маскав ба зидди корфармо ба пулис шикоят карданд, вале ба ҷои ҳалли масъала аз тарафи «афроде бо рақамҳои ношинос» таҳдид шуниданд.
Қаблан беш аз 120 муҳоҷири тоҷик, ки барои кор дар шаҳри Мариуполи аз ҷониби Русия ғасбшуда, ҷалб шуда буданд, гуфтанд, корфармоён онҳоро фиреб доданд.