Гирдиҳамоии "номзадҳои мустақил" дар Алмато

Алмато, 19-уми феврали 2023

Рӯзи 19-уми феврал дар боғи ба номи Гандии шаҳри Алматои Қазоқистон фаъолон, номзадҳои мустақил ба мақоми вакилӣ "маъракаи таблиғотӣ" ташкил карданд.

Гуруҳе, ки худро "номзадҳои мустақил" номиданд, гуфт, ба порлумон бояд одамони дар воқеъ озод шомил шаванд, на касоне, ки "танҳо тугма пахш карданро медонанд". Барои ин, ба гуфтаи онҳо, бояд нозирони мустақил интихоботро назорат кунанд.

Ин гирдиҳамоиро мақомоти шаҳри Алмато иҷоза дода буданд ва дар он ҳудуди 50 кас иштирок кард.

Ҷамъомад ҳудуди як соат давом ёфт. Ҷамъомадагон бо танқиди низоми интихоботии Қазоқистон гуфтанд, миёни ҳукумат ва мардум гуфтугӯ вуҷуд надорад ва дар сиёсат рақобати воқеӣ мавҷуд нест.

Интихоботи ғайринавбатӣ дар Қазоқистон рӯзи 19-уми март доир хоҳад шуд. Сабтиноми номзадҳо рӯзи 18-уми феврал ба поён расид ва акнун марҳилаи таблиғот шуруъ шудааст.

Кумисюни марказии интихоботии Қазоқистон 125 даъвогарии курсии порлумонро сабтином накард. Ба иттилои Кумисюн, бисёре аз онҳо ҳуҷҷатҳои лозимиро ҷамъоварӣ накардаанд.