"Амрико аз ҳамла ба иншооти низомии Русия дар Қрим ҳимоят мекунад"

Муовини котиби давлатии ИМА Виктория Нуланд

Муовини котиби давлатии ИМА Виктория Нуланд гуфт, Амрико аз ҳамлаҳои Украина ба иншооти низомии Русия дар ҳудуди Қрими ғасбшуда ҳимоят мекунад.

"Русия дар Қрим иншооти зиёди низомӣ сохтааст, ки онҳо ҳадафҳои қонунии Украина ҳастанд, мо аз ин ҳамлаҳо ҳимоят мекунем. То замоне, ки ҳадди ақал Қрим аз иншооти низомӣ пок нашавад, Украина дар амон нахоҳад монд", - гуфт Нуланд рӯзи 16 феврал.

Аммо вай афзуд, пеш аз таваҷҷуҳ ба Қрим низомиҳои Украина бояд ҳудудҳои дигари худро аз дасти Русия баргардонанд. "Ва онҳо ҳоло маҳз ба ин таваҷҷуҳ доранд", - гуфт Нуланд.

Муовини котиби давлатии ИМА афзуд, Украина барои баргардонии тамоми ҳудуди худ талош дорад ва ИМА аз Киев ҳимоят мекунад.

Бархе аз намояндагони Русия пештар гуфтанд, ки дар сурати ҳамлаи Украина ба Қрим, мумкин аст Маскав аз силоҳи ҳастаӣ истифода барад.

Қрим дар соли 2014 аз сӯи Русия ғасб шуд. Ҳоло Украина мегӯяд, омода аст, Қримро бо роҳи низомӣ баргардонад.