Шаҳрдори Байконур Константин Бусигин фармон додааст, ба онҳое, ки ба ҷанги Украина басеҷ шудаанд, ҳамчун пардохти якдафъаина 260-ҳазоррублӣ дода шавад.
Тибқи ин фармон, ки матни он дар сомонаи шаҳрдории Байконур нашр шудааст, ба довталабони иштирок дар ҷанги Украина низ ин маблағ дода мешавад.
Маблағи мазкур аз ҳисоби буҷаи шаҳр ҳамчун "кумаки иҷтимоӣ" пардохт хоҳад шуд.
Намояндаи махсуси президенти Қазоқистон дар маҷмааи Байконур гуфт, пешниҳоди иштирок дар ҷанги Украина бар ивази маблағ танҳо ба русиягиҳои муқими онҷо дахл дорад.
Русия шаҳри Байконури Қазоқистонро то соли 2050 ба иҷора гирифта, он мақоми федеролиро дорад. Маблағи иҷораи солонаи шаҳр 115 миллион долларро ташкил медиҳад.
Президенти Русия Владимир Путин моҳи ноябри соли гузашта фармони пардохти якдафъаина дар ҳаҷми 195 ҳазор рубл ба онҳоеро имзо карда буд, ки ба ҷанги Украина басеҷ шудаанд ё дар асоси қарордод иштирок мекунанд.