Раҳбари "Вагнер" иддао кард, ки як деҳаро дар Украина ишғол кардаанд

Муқовимати сарбозони украинӣ дар Бахмут

Евгений Пригожин, раҳбари гурӯҳи ҷангиёни зархариди "Вагнер" мегӯяд, нерӯҳои зери фармонаш деҳаи стратегии Красна Ҳора, воқеъ дар канори шаҳри Бахмути вилояти Донетскро ишғол кардаанд.

Нерӯҳои Русия чанд моҳ инҷониб талош доранд, Бахмутро, ки шаҳри калидӣ ва рамзи муқовимат украиниҳо ба таҷовузи Русия ба шумор меравад, таҳти тасарруф қарор диҳанд.

Олексей Данилов, дабири Шӯрои амнияти миллии Украина иброз доштааст, ки Русия ҳуҷуми густурдаро оғоз намуд, вале бо муқовимати шадиди сарбозони украинӣ мувоҷеҳ шудааст.