Вазирони Амрикову Украина роҳҳои кумак дар ҷангро баррасӣ кардаанд

Ллойд Остин ва Олексий Резников ҳангоми нишасти хабарӣ дар рӯзи 20-уми январи соли 2023 дар Олмон.

Ллойд Остин, вазири дифои Амрико ва ҳамтои украинии ӯ Олексий Резников, авлавиятҳо дар дастури коирии нишасти қарибулвуқуи мутаффиқони Украина аз ҷумла дифои ҳавоӣ ва тӯпхонаиро баррасӣ кардаанд.

Амрико ва кишварҳои аврупоӣ аз ин пеш аҳд доданд, ки барои муқовимат ба Русия дар ихтиёри Украина тонкҳои пешрафтаи Абрамс М1 , Леопард 2 ва Челленҷер 2 -ро мегузоранд. Ҳоло Украина аз кишварҳои ғарбӣ мехоҳад, ба неруҳояш ҳавопаймоҳои ҷангӣ бидиҳанд.

Рӯзи сешанбеи оянда намояндагони кишварҳои ҳампаймони Украина дар қароргоҳи НАТО дар шаҳри Брюссел ҷамъ меоянд ва роҳҳои кумак ба Украина ро баррасӣ мекунанд. Вазорати дифои Амрико гуфт, ки Ллойд Остин ва Олексий Резников дар бораи ҳарчӣ зудтар расонидани кумакҳои ваъдагӣ суҳбат кардаанд.