Земфира ва Гудков дар рӯйхати "агентҳои хориҷӣ" дар Русия

Земфира

Вазорати адлияи Русия овозхон Земфира ва сиёсатмадори мухолиф Дмитрий Гудковро ба рӯйхати "агентҳои хориҷӣ" даровард.

Сиёсатшинос Аббос Галямов; фаъоли муқими Владивосток Татяна Намозбоева; рӯзноманигор Сергей Асланян; физик Сергей Шпилкин, фаъоли ҳамҷинсгароён Александра Казантсева ва мудири маркази "Насилию.нет" Анна Ривина низ ба ин феҳраст шомил шудаанд.

Ба иттилои мақомоти Русия, Земфира ошкоро ба ҳимояти Украина бархоста, аз манобеи хориҷӣ пуштибонӣ дидааст.

Қаблан нашрияи "Фонтанка" рӯйхати овозхонҳоеро нашр карда буд, ки ба сабаби мавзеъгирияшон зидди ҷанги Русия дар Украина аз ҳаққи ҳунарнамоӣ маҳруманд. Номи Земфира низ дар он қатор буд.

Дмитрий Гудков соли 2021 ва пас аз онки дар пайванд ба парвандаи яке аз хешонаш боздошту бозпурсӣ шуд, Русияро тарк кард. Худаш қазияро сиёсӣ медонад.

Қонун дар бораи "агентҳои хориҷӣ" дар Русия солҳо боз амал мекунад. Ин қонун ба мақомоти Русия имкон медиҳад, ки ҳама гуна созмону афродеро "агенти хориҷӣ" биномад, ки аз хориҷи Русия маблағ мегиранд ва ё фаъолияти сиёсӣ мебаранд.

Намояндагони мухолифон онро василае барои саркӯби мунтақидон дар Русия медонанд.