“Барқи Тоҷик” дигар ҳолдингӣ нест, вале бебарқӣ монд

Бинои ширкати Барқи тоҷик

“Барқи Тоҷик” дигар ширкати ҳолдингӣ нест. Ҳукумати Тоҷикистон онро “ҷамъияти саҳомии кушода” номид. Барои идора ва назораташ Шӯрои нозиронро дар ҳайати ҳафт нафар таъсис дод.

Қарорро дар ин бора президент Эмомалӣ Раҳмон, ки ҳамзамон раиси ҳукумати Тоҷикистон аст, дар нимаи дуюми моҳи январи имсол имзо кардааст.

Муассис ва соҳиби 100-дарсадии саҳмияҳои “Барқи Тоҷик” ҳукумати Тоҷикистон мемонад.

“Барқи Тоҷик” дар шакли “ширкати саҳомии давлатии ҳолдингӣ” соли 1992 таъсис ёфт. Соли 2001 ба “ширкати саҳомии кушодаи ҳолдингӣ” табдил шуд.

Ин ширкат даҳсолаҳо аз тавлид то интиқолу тақсим ва фурӯши нерӯи барқро дар кишвар пурра ба ихтиёр дошт, аммо норасоии нерӯи барқро ҳеч вақт бартараф карда натавонист.

Ҳукумат, ки бо дастгирии созмонҳои молии байнулмилалӣ солҳои зиёд тарҳи сохтори нави “Барқи Тоҷик”-ро рӯи даст дошт, қаблан дар заминаи он “Шабакаҳои интиқоли барқ” ва “Шабакаҳои тақсимоти барқ”-ро таъсис дод.

Бар асоси ҳадафҳои эълоншудаи таҷдиди сохтор, 3 ҷамъияти алоҳида мустақилона ба тавлид, интиқол ва тақсими барқ машғул хоҳанд шуд.

Ба ин тартиб, таҷдиди сохтори “Барқи Тоҷик” аз нигоҳи ҳуқуқӣ ба марра наздик омадааст, аммо амалан чӣ натиҷа хоҳад дод, феълан рӯшан нест.