Даргузашти Олег Панфилов, муаллифи "Журналистон дар ҷанги Тоҷикистон"

Олег Панфилов, хабарнигору нависандаи зодаи Тоҷикистон ва аз интиқодгарони сиёсатҳои ҳукумати Русия рӯзи 10-уми феврал дар синни 65, дар шаҳри Тифлиси Гурҷистон даргузашт.

Дар ин бора Оксана Маслак, ҳамсари ӯ дар Фейсбук хабар додааст.

Олег Панфилов соли 1957 дар Тоҷикистон таваллуд шудааст. Ӯ соли 1979 донишгоҳи Хуҷандро хатм карда, дар Институти таърихи Академияи илмҳои Тоҷикистон ба кор пардохтааст ва солҳо боз ба рӯзноманигорӣ машғул буд.

Аз соли 2009 ба ин сӯ дар Гурҷистон ба сар мебурд ва устоди рӯзноманигорӣ дар Донишгоҳи давлатии Илияи ин кишвар буд. То соли 2012 вай ҳамчунин хабарнигори телевизиони "Шабакаи аввали Қафқоз" буд, ки бо ташаббуси раисиҷумҳури вақти Гурҷистон Михаил Саакашвилӣ таъсис ёфта буд.

Олег Панфилов солҳои 1994-2010 бо Радиои Озодӣ ҳамкорӣ мекард ва дар солҳои 2014-2019 шореҳи лоиҳаи «Крим. Воқеиятҳо»-и Бахши украинии Радиои Озодӣ буд. Ӯ аз сиёсатҳои ҳукумати Русия ва ҳукумати Тоҷикистон танқид мекард.

Олег Панифлов муаллифи даҳҳо китоб, аз ҷумла "Журналистон дар ҷанги Тоҷикистон", "Ҷанги фаромӯшшуда" ва ҳамчунин чандин филми мустанад аз табиат ва фарҳанги Тоҷикистон аст.

Соли 2016 китоби ӯ бо номи "Таърихи зиддишӯравӣ" дар бораи ҳодисаҳои норӯшани империяҳои Русияву Шӯравӣ дар Украина нашр шуд, ки дар он муаллиф таърихи 150-солаи ҷанги Русия ва Чукотка, аслу насаби императорҳои Русия ва далелҳои дигарро ҷамъоварӣ кардааст.