Як фаъоли тоторҳои Қрим дар зиндони Русия даргузашт

Ҷамил Ғаффоров дар додгоҳ. Акс аз бойгонӣ

Ҷамил Ғаффоров, як фаъоли тоторҳои Қрим, ки моҳи январ ба иттиҳоми терроризм ба 13 сол зиндон маҳкум шуд, дар боздоштгоҳе дар Русия даргузашт.

Рефат Чубаров, як пешвои тоторҳои Қрим, рӯзи 10-уми феврал гуфт, Ғаффорови 60-сола дар боздоштгоҳи шаҳри Новочеркасски Русия ҷон дод.

Ғаффоров бемор буд ва пеш аз ин барои нарасонидани ёрии зарурии тиббӣ шикоят дошт.

Баъд аз ишғоли нимҷазираи Қрими Украина дар соли 2014, мақомоти Русия даҳҳо тотори Қримро ба иттиҳоми терроризм ба зиндон андохтанд. Ҳомиёни ҳуқуқ ҳукми онҳоро ноодилона ва саркӯбгарона номидаанд.