Зеленский: "Аврупои озод" бе "Украинаи озод" нахоҳад буд

Владимир Зеленский. Белгия, 9-уми феврали 2023

Раиси ҷумҳури Украина бори дигар аз раҳбарони Иттиҳоди Аврупо хост, барои муҳофизати кишвараш аз таҷовузи Русия аслиҳаи бештар бидиҳанд.

Владимир Зеленский гуфт, “Аврупои озод”-ро бе “Украинаи озод” тасаввур кардан имкон надорад.

Раҳбари Украина дар нишасти сарони Иттиҳоди Аврупо дар Брюссел афзуд, амнияти минтақа ба оқибати ҷанге вобаста аст, ки Русия соле пеш оғоз кард.

Зеленский рӯзи 9-уми феврал вориди Брюссел шуд. Бо раиси Кумисюни Аврупо Урсула фон дер Ляйен ва раиси Шӯрои Аврупо Шарл Мишел вохӯрд. Як рӯз пеш дар Бритониё буд.

Русия дар моҳи феврали соли гузашта бедалел ба хоки Украина ҳамла кард. Кишваре, ки Зеленский “нерӯи бузургтарини зиддиаврупоӣ дар ҷаҳони муосир” номид.