Бо гузашти ду сол аз тасмими Тоҷикистону Узбекистон барои сохтани филме дар бораи Абдураҳмони Ҷомӣ ва Алишер Навоӣ ҳанӯз замони наворгирӣ ва буҷаи он мушаххас нашудааст.
Маҳмадсаид Шоҳиён, раиси “Тоҷикфилм”, рӯзи 9-уми феврал гуфт, филмнома омода аст, вале барои наворбардорӣ кори зиёдеро анҷом додан зарур аст.
Ӯ афзуд: “Коркарди режиссёрӣ даркор аст ва он 4-5 моҳ вақт мегирад. Баъд метавонем, тақвим созем. Дар он ҳолат муайян мекунем, ки чӣ қадар, дар кадом мавзеъҳо филм гирифта мешавад. Чӣ қадар хароҷот мешавад.”
Ҳукумати Тоҷикистон талаб кардааст, ки имсол наворбардории филм дар бораи дӯстии Ҷомӣ ва Навоиро сар кунанд. Дар миёни филмсозони ҷониби Узбекистон масъалаҳое ҳалношуда мондааст.
Ба қавли Файзуллои Файз, коргардони филм муштарак аз ҷониби Тоҷикистон, “коргардон Юсуф Розиқов гуфтааст, то замоне бо ӯ шартнома нашавад, наметавонад, рӯи сенарияи адабӣ, сенарияи режиссёрӣ кор кунад. Чизе, ки аз 4 то 6 моҳ вақт мегирад.”
Гузориши видеоиро дар инҷо бинед:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Таҳияи филм дар бораи Ҷомӣ ва Навоӣ ба куҷо расид?
Дар “Тоҷикфилм” гуфтанд, бунёди толори банаворгирии филмро дар бораи дӯстии Ҷомӣ ва Навоӣ ба анҷом расонданд.
Як қисмати ин филм бояд дар шаҳри Ҳироти Афғонистон наворбардорӣ мешуд, ки акнун номумкин шудааст.