Сарсенбек Акбар, қазоқтаборе аз минтақаи худмухтори Шинҷон ва шавҳари яке аз эътирозгарони назди консулгарии Чин дар шаҳри Алмато Гулнур Косдаулет баъди шаш сол тавонист, ба назди хонаводааш ба Қазоқистон равад.
Бино ба хабарҳо, Сарсенбек Акбар ҳудуди се сол дар яке аз "урдугоҳҳои бозтарбия"-и Чин нигаҳдорӣ шуда, наздики ду соли дигар дар ҳабси хонагӣ будааст.
Гулнур Косдаулет хабари рафтани шавҳарашро ба Қазоқистон тасдиқ кард, вале ба далели ҳарос аз фишорҳо аз додани ҷузъиёт худдорӣ намуд.
Косдаулет беш аз 4 сол мешуд, аз мақомоти Қазоқистон ва Чин даъват мекард, то шавҳарашро аз урдугоҳи Шинҷон озод кунанд. Нахустин тазоҳурот бо талаби раҳоии қазоқтаборон аз урдугоҳҳои Шинҷон дар назди консулгарии Чин дар Алмато моҳи феврали соли 2021 баргузор шуда буд.
Вазорати умури хориҷии Қазоқистон то ҳол баргашти Акбарро шарҳ надодааст.