Вазорат хост, баррасии бастани "Озодӣ"-ро ба таъхир гузоранд

Вазорати фарҳанг, иттилоот, варзиш ва сиёсати ҷавонони Қирғизистон аз Додгоҳи шаҳри Бишкек хостааст, баррасии баҳси ин ниҳодро бо бахши қирғизии Радиои Озодӣ ба таъхир гузорад. Вазорат ҳамчунин гузаронидани ташхиси забоншиносиро дархост кардааст.

Додрас дархостро қонеъ карда, баррасии парвандаро ба рӯзи 20-уми феврали имсол таъин кард. Намояндагони вазорат дар додгоҳ ҳузур надоштанд.

Вазорати фарҳанг, иттилоот, варзиш ва сиёсати ҷавонони Қирғизистон рӯзи 23-юми январи имсол аз Додгоҳи ноҳияи Ленини шаҳри Бишкек хост, фаъолияти "Азаттик Медиа" - бахши қирғизии Радиои Озодиро дар ин кишвар ҳамчун расона қатъ кунад.

Дар шикояти вазорат ба додгоҳ омадааст, "гузориши видеоӣ дар бораи марзи Қирғизистон бо Тоҷикистон ҳазф карда нашудааст ва он ҳанӯз ҳам дар шабакаҳои иҷтимоӣ мечархад".

Ҳукумати Қирғизистон рӯзи 24-уми октябри соли 2022 аз Радиои Озодӣ талаб кард, гузоришро комилан аз сомона бардорад, аммо қабул нашуд. Раҳбарияти Радиои Озодӣ гуфт, гузориш ба меъёр посухгӯст.​

"ДемирБонк"-и Қирғизистон рӯзи 31-уми октябри соли гузашта суратҳисобҳои бонкии "Азаттик Медиа"-ро маҳдуд кард.