Варзишгарони тоҷик дар мусобиқоти 10-уми қаҳрамонии Осиё оид ба варзиши сабук дар иншооти сарпӯшида, ки рӯзҳои 10-12-уми феврал дар пойтахти Қазоқистон - шаҳри Остона - баргузор мешавад, ширкат хоҳанд кард.
Ба ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон Илдар Аҳмадиев, Фаворис Музрапов, Леонид Пронженко, Александр Пронженко ва Муҳаммадризо Мирзозода дохиланд.
Ин яке аз муҳимтарин чорабиниҳои варзишии Ассотсиатсияи варзиши сабуки Осиё дар соли 2023 мебошад. Қобили зикр аст, ки мусобиқоти қаҳрамонии Осиё оид ба варзиши сабук дар иншооти сарпӯшида бори аввал дар қаламрави кишварҳои ИДМ (Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил) баргузор мешавад.
Чунонки Оҷонсии иттилоотии байналмилалии «Казинформ» хабар додааст, дар ин чорабинии муҳим, ки дар маҷмааи варзишии «Qazaqstan» (“Қазоқистон”)-и шаҳри Остона доир мегардад, иштироки беш аз 500 варзишгар аз 31 кишвари қора дар назар аст.
Варзишгарон дар мусобиқоти 10-уми қаҳрамонии Осиё оид ба варзиши сабук дар иншооти сарпӯшида оид ба 26 навъи рақобатҳо миёни мардону занон (давидан, ҷаҳидан, гулӯлапартоӣ, бисёрҳарба ва эстафета) ҳунарнамоӣ мекунанд.
Зимнан, варзишгарони тоҷик дар мусобиқоти қаҳрамонии Осиё оид ба варзиши сабук дар иншооти сарпӯшида, ки аз соли 2004 баргузор мешавад, ягон ҷоиза ба даст наовардаанд.