Қазоқистон иҷозаи иқоматро ба хориҷиён сахттар кард

Қазоқистон

Шарти додани иҷозаи иқоматро ба хориҷиён дар Қазоқистон сахттар кардаанд. Дар ин бора Вазорати корҳои дохилии Қазоқистон хабар дод.

Бар пояи тағйироте, ки 6-уми январи имсол қабул шуд, хориҷиён бояд шиносномаеро пешниҳод кунанд, ки муҳлати эътибораш “на камтар аз 180 рӯз бошад”.

Инчунин барои дарёфти иҷозаи иқомати муваққатӣ ҳузури соҳиби хона ва ё ризояти нотариалии ӯ зарур мешавад.

Ҳадафи тағйиротро пешгирӣ аз муҳоҷирати ғайриқонунӣ ва имкони сабтиноми шаҳрвандони хориҷӣ дар суроғаҳои “набуда” гуфтаанд.

Қазоқистон баъд аз Русия кишвари дувуми муҳоҷирпазир аз Тоҷикистон аст.

Дар гузашта даҳҳо муҳоҷири тоҷикро ба гуноҳи поймол кардани қоидаи будубош ва гузаштани муҳлати иқомат аз Қазоқистон рондаанд.