"Миёни гумонбарони парвандаи "Кампиробод" касе бемор нест"

Дар миёни гумонбарони парвандаи маъруф ба "Кампиробод" дар Қирғизистон касе фавран ба табобат ниёз надорад. Дар ин бора аз Хадамоти иҷрои ҷазои Қирғизистон хабар доданд.

Хадамоти иҷрои ҷазо гуфт, боздоштшудаҳо зери назорати пизишкӣ ҳастанд.

"Шахсоне, ки бемории музмин доранд ва пештар табобат мегирифтанд, дар ҳамин ҷо табобат мешаванд. Табобат бас нашудааст. Ҳоло касе шадидан ба табобат ниёз надорад," -- омадааст дар хабари Хадамоти иҷрои ҷазо.

Рӯзи 27-уми январ яке аз боздоштшудагони парвандаи мазкур Равшан Ҷеенбеков ба Додситонии кулли Қирғизистон муроҷиат ва барои муоина пизишкони мустақилро даъват кард. Ҷеенбеков гуфт, пизишкони зиндон дарди ҷигари ӯро ташхис додаанд.

Паризот Суранова, гумонбари дигари парванда, рӯзи 3-юми феврал гуфт, бояд бистарӣ шавад. Вай афзуд, бояд ҷарроҳӣ шавад, аммо хадамоти иҷрои ҷазо ба ин кор иҷозат намедиҳад.

Рӯзи 22-юми октябри соли 2022 дар Қирғизистон Кумитаи ҳифзи обанбори Кампиробод таъсис шуд. Аъзои кумита иборат аз фаъолони шаҳрвандӣ ва сиёсатмадорони Қирғизистон зидди ба Узбекистон додани обанбори Кампиробод баромад карданд.

Рӯзи 23-юми октябр дар шаҳри Бишкеки Қирғизистон боздошти аъзои кумита шуруъ шуд ва дар умум 26 нафар аз фаъолону сиёсатмадорон боздошт шуданд.

Мақомоти Қирғизистон онҳоро дар "Омодагӣ ба ташкили бетартибиҳо" гумонбар мекунанд.