Агентӣ гуфт, дар Тоҷикистон соли 2022 аз қочоқи беш аз 4 тонна нашъа пешгирӣ шуд

25 январи соли 2018. Мақомот зери дурбинҳои видеоии хабарнигорон маросими ба оташ андохтани маводи мусодирашудаи нашъаро баргузор мекунанд

Мақомот гуфтанд, сохторҳои ҳифзи қонун дар Тоҷикистон соли 2022 аз муомилоти ғайриқонунӣ беш аз 4 тонна маводи нашъаоварро мусодира кардаанд, ки дар қиёс бо соли 2021 ду дарсад камтар мебошад. Ин омор рӯзи 3-юми феврал дар нишасти матбуотии раҳбарияти Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти Тоҷикистон садо дод. Ба навиштаи ин манбаъ, соли 2022 дар ҳудуди Тоҷикистон наздики 22,5 ҳазор ҷиноят ба қайд гирифта шудааст ва 688 ҳолаташ вобаста ба қочоқи маводи мухаддир мебошад.

Мақомоти агентӣ инчунин гуфтаанд, ки бо сари қудрат омадани Толибон дар Афғонистон ҳаҷми қочоқи маводи мухаддир зиёд шудааст. Ба гуфтаи масъулини ин ниҳод дар ду соли ахир махсусан дар минтақҳои марзии Тоҷикистон ошкор кардани ҳолатҳои қочоқи маводи мухаддир афзуда, соли 2021 ва 2022 беш аз 8 тонна маводи мухаддирро мусодира кардаанд. Дар ин робита соли 2021, қавли мақомот, 8 ва соли 2022 - 19 шаҳрванди Афғонистонро боздошт кардаанд, ки ба фарқ аз солҳои пеш бисёр зиёд будааст.

Ҳукумат дар Душанбе мушкили парвариши нашъа дар Афғонистон ва қочоқи ин маводи ғайриқонунӣ ба Тоҷикистонро як чолиши ҷиддӣ барои амнияту суботи ин кишвар меномад, вале таҳлилгарон мегӯянд, вуҷуди тиҷорати сиёҳи маводи мухаддир бидуни омилҳои коррупсионӣ имкон надорад. Мақомот дар Тоҷикистон дар ҳолатҳои хеле кам дар бораи ошкор шудани гурӯҳҳои бонуфузи ҷиноии нашъаҷаллоб гузориш медиҳанд, ки аз ҳисоби муомилоти ғайриқонунии нашъа даромадҳои ҳангуфт ба даст меоранд.