Ҳайатҳои Тоҷикистону Қирғизистон ба созиш расидаанд, ки дар наздикии сарҳад дигар тамрини низомӣ баргузор нахоҳанд кард.
Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд, рӯзи 3-юми феврал гуфт, ин ва тавофуқҳои дигар дар вохӯрии охирини ҷонибҳо ба даст омад.
Гуфтушунид 2-юми феврал дар ҷамоати Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров гузашт.
Раиси вилояти Суғд гуфт: "Бо ҳамтоёни қирғизи худ ба чунин мувофиқа омадем, ки дар марз ба ҷуз аз сарҳадбонҳо мақомоти дигар дахолат накунанд. Ҳаргуна бесарнишине, ки имрӯз парвоз мекунад, пурра манъ карда шавад, то оромии мардум халалдор нагардад."
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Баъзе ҷузъиёти созиши Тоҷикистону Қирғизистон
Тоҷикистону Қирғизистон тақрибан ҳазор километр хати марз доранд ва, ба гуфтаи тарафҳо, то ҳол зиёда аз 600 километр ё ҳафтод дарсади он муайян шудааст.
Бахши дигари сарҳад ҳанӯз маълум нест. Номуайянӣ ва даъвоҳои Тоҷикистону Қирғизистон бар сари замину обу чарогоҳ ҳар чанд вақт дар рустоҳои наздимарзӣ боис ба даргирӣ мешавад.
Бар асари муноқишаҳо то кунун аз ду ҷониб даҳҳо кас кушта ва садҳо нафар захмиву бехонаву дар шудаанд.