Эътирози Паноҳӣ ба "рафтори ғайриинсонӣ" дар Эрон

Ҷаъфар Паноҳӣ 18-уми феврали соли 2006 барои филми "Офсайд" ҷоизаи "Хирси нуқраӣ"-и Ҷашнвораи байнулмилалии Берлинро гирифт

Ҷаъфар Паноҳӣ, филмбардори зиндонӣ дар Эрон, гуфт, ки гуруснанишинӣ мекунад.

Вай тасмимашро "эътироз ба рафтори ғайриқонунӣ ва ғайриинсонии низоми адлияи Эрон" номидааст.

Коргардони 62-соларо дар моҳи июли соли гузашта боздошту зиндонӣ карданд.

Паноҳӣ дар изҳороте, ки матнашро ҳамсару писараш дар Инстаграм гузоштанд, гуфтааст: “То замони озод шудан аз ғизову об даст мекашам.”

Паноҳӣ дар авҷи саркӯби норозиёни режими Ҷумҳурии Исломӣ, ки аз шаротии зист эътироз мекарданд, ба ҳабс гирифта шуд.