Масҷиди калонтарини Тоҷикистон имсол боз мешавад

Масҷиди калонтарини Тоҷикистон эҳтимол дар нимаи аввали имсол ифтитоҳ шавад.

Сулаймон Давлатзода, раиси Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими миллӣ, рӯзи 3-юми феврал гуфт, дар семоҳаи дувуми имсол сафари ҳайати Қатар ба Тоҷикистон дар назар аст ва эҳтимол дар ҷараёни сафари ин гуруҳ масҷид кушода шавад.

Давлатзода гуфт, масҷиди калонтарин аз рӯи лоиҳаи дуҷониба бунёд шуда, ба ин хотир бояд бо ҳузури намояндагони ду кишвар боз шавад.

Раиси Кумитаи дин соли гузашта гуфта буд, масҷиди калонтарини Тоҷикистон аз санҷиши кумисюни давлатӣ гузашт ва барои истифода омода аст. Ин масҷид бо сармояи Қатар сохта шуда, то ҳол дари он барои намозгузорон боз нашудааст.

Масҷиди бузургтарин дар Тоҷикистон дар майдони 12 гектар замин ҷойгир шуда, аз чаҳор манораи баландиашон 65-метрӣ, гунбази 47-метрӣ, толори бузург, толорҳои хурди намозгузорӣ, китобхона ва нишеману утоқҳои сершумор барои ҷаласаҳо иборат аст.

Сохтмони масҷидро соли 2009, дар рӯзҳои таҷлил аз 1310-солагии Имоми Аъзам, пешвои мазҳаби ҳанафӣ оғоз карда буданд.

Бунёди масҷиди бузургтарин дар ҳолест, ки созмону кишварҳои ғарбӣ ба камияш даҳ соли охир Тоҷикистонро барои бастани баъзе ибодатхонаҳо ва маҳдуд кардани озодиҳои динии сокинон танқид мекунанд. Мақомот ҳамвора тасмимҳои худро барои пешгирӣ аз ифротгароӣ муҳим хондаанд.