Федератсияи байналмилалии таърих ва омори футбол (IFFHS) аз рӯи фарзияи худ дастаи мунтахаби мардонаи рамзии Тоҷикистонро дар ҳама давру замон эълон кард.
Тибқи иттилои сомонаи расмии Федератсияи байналмилалии таърих ва омори футбол, ба дастаи мунтахаби мардонаи рамзии Тоҷикистон дар ҳама давру замон футболбозони бошгоҳи машҳури “Помир”-и Душанбе дохил шуданд.
Дастаи мунтахаби мардонаи рамзии Тоҷикистон дар ҳамаи давру замон аз рӯи фарзияи IFFHS:
Дарвозабон: Валерий Саричев.
Ҳимоятгарон: Ҳаким Фузайлов, Рашид Раҳимов, Леонид Кириленко, Алексей Чередник.
Нимҳимоятгарон: Александр Азимов, Олег Ширинбеков, Владимир Ғуломҳайдаров, Эдгар Гесс.
Ҳамлагарон: Муҳсин Муҳаммадиев, Валерий Турсунов.
Федератсияи байналмилалии таърих ва омори футбол (International Federation of Football History & Statistics) созмонест, ки солномаи таърихи футболро тартиб медиҳад. Он 27-уми марти соли 1984 дар Лейпсиги Олмон аз ҷониби доктор Алфредо Пёге таъсис ёфтааст. Қароргоҳаш айни замон дар Бонни Олмон ҷойгир аст. Шайх Солеҳ Салим Баҳвинӣ президенти ин ташкилоти варзишӣ мебошад.
FIFA (Федератсияи байналмилалии футбол) ин созмонро ҳамчун як мақоми пешбарикунандаи солномаи футболи ҷаҳон эътироф мекунад.