ИМА як бастаи нави кумаки низомӣ ба Украинаро дар ҳаҷми 2 миллиард доллар омода мекунад. Интизор меравад, он мушакҳоеро ҳам дар бар гирад, ки то 150 километр парвоз мекунанд.
Дар ин бора хабаргузории "Reuters" бо истинод ба ду манбаъ дар маъмурияти президенти ИМА Ҷо Байден хабар додааст.
Сухан аз интиқоли мушакҳои "GLSDB" (Ground Launched Small Diameter Bomb) ба Украина меравад, ки то 150 километр парвоз хоҳанд кард. Дар ҳоли ҳозир Украина бо мушакҳое таъмин аст, ки то 80 километр парвоз мекунанд.
"Reuters" ҳанӯз дар моҳи ноябри соли гузашта хабар дода буд, ки "Boeing", ширкати истеҳсолкунандаи "GLSDB" интиқоли ин навъи мушакҳоро ба Украина пешниҳод кардааст.
Қаблан мушовири маъмурияти президенти Украина Михаил Подоляк гуфта буд, Киев талош дорад мушакҳоеро дарёфт кунад, ки бо онҳо мешавад иншооти Русия дар нимҷазираи ишғолии Қримро ҳадаф қарор дод.