Вакили порлумони Қирғизистон Шайлообек Атазов рӯзи 1-уми феврал пешниҳод кард, ки шабакаи иҷтимоии TikTok дар ҳудуди Қирғизистон баста шавад. Вай ин пешниҳодро дар ҷаласаи порлумон баён дошт.
Ба гуфтаи Атазов, TikTok барои наврасон таъсири бад дорад ва хилофи идеологияи миллии қирғизистониҳост. Вай аз вазорати фарҳанги Қирғизистон даъват кард, ки ба ин шабака таваҷҷуҳ кунад.
"Бояд ба вазорати фарҳанг дастур дод, ки дар ин самт кор кунад. Одамон бо хонаводаҳояшон TikTok тамошо мекунанд. Бояд идеологияи миллиро ҳимоят кард", - гуфт Атазов.
Ин бори аввал нест, ки дар Қирғизистон пешниҳоди бастани TikTok-ро мекунанд. Моҳи сентябри соли 2022 вакили дигари порлумони он кишвар Нодира Норматова чунин пешниҳодро карда буд.
TikTok - шабакаи маъруфи иҷтимоист, ки барои сохтан ва дидани наворҳои кутоҳ таъсис шудааст. Ин шабака ба ширкати чинии ByteDance тааллуқ дорад.