Додситонии Русия як расонаи қазоқиро ба додгоҳ кашид

Ҷанг дар Херсон, Украина. Акс аз бойгонӣ.

Расонаи қазоқии "Arbat.media" мегӯяд, масъулони он барои як матлаб дар бораи ҷанги Украина ба додгоҳи ноҳияи Ленини шаҳри Владимири Русия даъват шудаанд.

Аз болои "Arbat.media" додситонии низомии 19-уми артиши Русия ва қисми ҳарбии 56680-и ин кишвар ба додгоҳ шикоят бурдаанд. Рӯзи мурофиаи нахустин 17 феврал таъйин шудааст.

"Аrbat.media" рӯзи 14-уми ноябри соли гузашта хабар дода буд, ки Хадамоти федеролии назорат дар бахши алоқа, технологияҳои иттилотӣ ва иртибототи ҷамъии Русия ё худ "Роскомнадзор" аз ин сомона талаб кардааст, то мақолаеро дар бораи вазъи ҷанг дар Украина пок кунад.

Сомона матлаберо таҳти унвони "Ғосибони русиягӣ дар вилояти Херсон шикаст мехӯранд, аммо намехоҳанд онро эътироф кунанд", нашр кардааст.

Ин бори аввал нест, ки "Роскомнадзор" аз оғози ҳамлаи Русия ба Украина аз расонаҳои қазоқистонӣ талаби поксозии ин ва ё он матлабро мекунад. Чунин талаб аз нашрияи қазоқистонии "Власть" ҳам карда шуда буд.