Бо идомаи ҷанги Русия дар Украина, аз ин кишвар қиссаҳои тарсноке дар бораи тақдири одамони бегуноҳ берун меояд.
Қиссаи Надя Ярошенко, яке аз пизишкони украинӣ, аз ҷумлаи онҳост, ки байни як интихоби сахте монда буд. Интихоби наҷоти бемори рӯйи кати ҷарроҳӣ ва ё наҷоти писари 12-солааш, ки зери бинои нимавайронаи истиқоматӣ монд. Ҳодиса рӯзи 12-уми январ дар шаҳри Днепр рух дод ва Надя Ярошенко ҳар вақт ёди он рӯз мекунад, ашк аз чашмонаш беихтиёр ҷорӣ мешавад.
Надя Ярошенко, табиби анестезиолог ва ё мадҳушкунанда аст. Вақти ҷарроҳӣ сари болини беморе буд, ки хонааш дар Днепр дар натиҷаи зарбаи ҳавоии нерӯҳои Русия вайрон шуд. Писараш ҳам дар хона танҳо буд.
Ростислав Ярошенко, писари Надя, мегӯяд, “дар ошпазхона менишастам, ки хона фурӯ рафт. Фақат як ҷарақаи сахте ёдам ҳаст ва шишапораҳо ба рӯям париданд. Дуду хоки зиёд буд.”
“Дар аввалин дақиқаҳои фоҷиа ӯ ба ман занг зад. Дод мезад, ки шишаҳо рехту дарҳо шикаст ва ӯ аз дуди зиёд, чизеро намебинад. Ҳатто нафас гирифта наметавонад,” – ба ёд овард Надя Ярошенко.
Видео дар инҷост:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Наҷоти бемор ё писар? Интихоби сахти як модар
Надя Ярошенкомегӯяд, интихоб байни мондан бо бемор ва шитофтан барои наҷоти писараш ҷонгудоз буд. Дар ҳамин лаҳза ба ӯ мураббии гуштии писараш занг зад.
Мураббӣ Юрий Васетский мегӯяд: "Аз ӯ пурсидам, дар хонаӣ? Гуфт, не. Пурсидам, Ростислав чӣ? Гуфт, дар хона аст. Пораҳои шишаву арматураву бетон ба ҳар тараф мепарид. Дар табақаи аввал, маркази тиббӣ ва мағоза буд. Мошинҳо назди бино ба таркидан шуруъ карданд. Дуди ғализи сиёҳ баланд шуд, фарши хонаҳо фурӯ рафт. Медонистам, ки Ростислав онҷост. Намедонистам, чӣ гуна уро берун биёрам. Аз пештоқи тиреза ва панҷараи он дошта, боло рафтам. Вақте модару кӯдакеро онҷо дидам, дигар наметавонистам, онҳоро гузошта боло равам.”
Юрий Васетский
Юрий ба модару фарзанди дармонда дар бино кумак карда, сипас барои ёфтани Ростислав баргаштааст.
Юрий Васетский, мураббии гуштии Ростислав, гуфт: “Ман ба утоқи нишеман ворид шудам, чун тирезааш шикаста буд. Ба коридор давидам, ки пур аз дуд буд, чун дуди мошинҳои сӯхта ба онҷо меомад. Хоку гарди олуда ба бетон ҳамаҷоро фаро гирифта буд. Ёдам ҳаст, ки Ростислав ба самти зинапояҳо мехазид. Деворҳо чаппа шуда буд ва ҷойи холие дар байн монда буд ва ман Ростиславро аз онҷо берун кашидам.”
Надя Ярошенкомегӯяд, зарбаҳои ҳавоии Русия на танҳо хона, балки тақдири инсонҳоро сӯхт: “На танҳо хона вайрон шуд, зиндагиҳо аз даст рафт, тақдирҳо нобуд шуд. Ман то ҳол инро фаҳмидаву дарк карда наметавонам.”
Надя Ярошенко ва Ростислав ҳоло дар хонаи дӯстонашон зиндагӣ мекунанд ва мегӯянд, ки шаҳри Днепрро тарк карданӣ нестанд.